23 Июн 2025 - 13:16
Source: ABNA
Ҳазорон билет барои фирор аз сарзаминҳои ишғолшуда харидорӣ шуд!

Як рӯзномаи ибрӣ аз фурӯхта шудани ҳазорон билети парвози хуруҷӣ аз сарзаминҳои ишғолшуда танҳо тайи 2 рӯз иқрор кард.

Ба гузориши хабаргузории байналмилалии Аҳлибайт (а) – Абно – рӯзномаи ибризабони Ҳааретс гузориш дод: «25 ҳазор билет танҳо тариқи сайти ширкати ҳавопаймоии «Эл Ал» барои хуруҷ аз Исроил харидорӣ шудааст.»

Ин рӯзнома иқрор кард, ки билетҳои мазкур танҳо тайи тақрибан 2 рӯз харидорӣ шудаанд.

Пештар эълом шуда буд, ки ба далели ҳамлаҳои мушакии Эрон, парвозҳои вурудӣ ва хуруҷӣ дар сарзаминҳои ишғолшуда мутаваққиф шудааст.

Your Comment

You are replying to: .
captcha